Маркази ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-меҳнатии Федератсияи Русия пас аз омӯзиши сатҳи таъминот бо кор ва музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба хулосае омадааст, ки маош ва ҳаҷми соатҳои кори шаҳрвандони Федератсияи Русия ва муҳоҷирони корӣ қариб баробар шудааст. 

Тавре Kginform.com ба нашрияҳои русӣ хабар додааст, муҳоҷирони корӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна камее бештар аз 20 ҳазор рубл, шаҳрвандони Русия бошанд, камтар аз 25 ҳазор рубл ба даст меоранд.

Тайи се соли охир вуруди муҳоҷирон ба Русия 37% афзоиш ёфтааст. Кордиҳандаҳо ба мутахассисони соҳибтахассус афзалият медиҳанд ва аслан сокинони маҳаллиро ба кор даъват мекунанд, зеро ташвиши онҳо камтар ва корашон беҳтар будааст. 

Дар ҳамин ҳол тадқиқот нишон додааст, ки муҳоҷирон бештар кор карда, маблағи камтар мегирифтаанд, аммо ин тафовут чандон зиёд набудааст.  Давомнокии миёнаи ҳафтаи кори муҳоҷирон 57 соат, аз шаҳрвандони Русия бошад, 50 соатро ташкил медиҳад. Тафовути музди меҳнати онҳо ба наздики 4 ҳазор рубл баробар аст.

Тақрибан чоряки хориҷиён ҳафтае танҳо панҷ рӯз кор мекунанд, дар миёни шаҳрвандони Русия бошад, ҳиссаи чунин коргарон 39,4%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Российская газета бо такя ба суханони роҳбари бахши омӯзиши равандҳои муҳоҷират ва интегратсияи Институти ҷомеашиносии Академияи илмҳои Русия Владимир Мукомел.

8% русиягиҳо ва 18% хориҷиён бе рӯзи истироҳат кор мекардаанд. Пардохти музди соатҳои зиёдатии корӣ дар аксар маврид аз мавҷудияти шартномаи қонунӣ вобаста аст, на аз доштани шаҳрвандии Русия. Ин дар ҳолест, ки ҳар шаҳрванди 8-уми Русия ва ҳар муҳоҷири 5-ум дар соатҳои зиёдатӣ бидуни пардохти иловагӣ кор мекунанд.  

Бино ба хулосаи коршиносон, дар солҳои охир шаҳрвандони Русия маҷбур шудаанд, то ба он шароите, ки муҳоҷирон кор мекунанд, «ҳамроҳ шаванд», на баръакс. Зеро дар акси ҳол дарёфти кор барои онҳо мушкил хоҳад шуд.

Дар се соли охир афзоиши вуруди муҳоҷирон ба нишондоди рекордии 37%расид: теъдоди корҷӯён бештар шуд ва кордиҳандаҳо имкони интихоб пайдо карданд, ки сокини маҳаллиро ба кор гиранд ва ё хориҷиро. 

«Дар Русия муассисаҳои зиёде якбора коргарони русро ба қувваи «арзон»-и кори хориҷӣ иваз карданд. Барои он, ки ҷойи кори худро аз даст надиҳанд, коргарони рус маҷбур шуданд, ки ба шароитҳои барояшон номуносиб розӣ шаванд», изҳор дошт ба нашрия Петр Бизюков, мутахассиси пешбари барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Маркази ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ. Ў афзуд, «Чунин як механизми мигранизатсия ба роҳ монда шуда буд, ки вақте коргарони русиягиро иҷборан ба сатҳи стандартҳои меҳнатии муҳоҷирон пойин оварданд. Махсусан вазъи мураккаб дар шаҳрҳои бузург мушоҳида мешавад».

Барои коргароне, ки сатҳи тахассусашон паст мебошад, аз даст додани ҷойи корӣ даҳшат аст. Маҳз ҳамин тарс дархостҳои эшонро хомӯш месозад.