Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» ва роҳбари Ҳизбисотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар он назар аст, ки аризаи даъвогии намояндагони зиёиён нисбат ба муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина бемаънӣ, беасос ва ба таъиноти иҷтимоии муассисаҳое, ки даъвогаронро роҳбарӣмекунанд, номувофиқ мебошад.    

Муроҷиатномаи Зойиров ба намояндагони аҳли зиё дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой дода шудааст. Ў таъкид мекунад, ки бо матни мақолаи О. Тутубалина ва матни аризаи даъвогӣ бодиққат шинос шуда, онҳоро таҳлил кардааст.  Дар робита ба ин ӯ чунин мешуморад, ки маводи нашршуда ва пайдо шудани даъво кори мазкурро аз доираи парвандаи додгоҳии оддӣ дурр намуда, он ба худ на танҳо хислати ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ-идеологӣ ва гузашта аз ин хусусияти фармоишӣ касб мекунад. 

«Бояд зикр кард, ки дар мақолаи О. Тутубалина калимаҳои «таҳқиркунандаи» зиёиён вуҷуд надорад ва ӯ таҳти рубрикаи «Мысли вслух» дар доираи фаъолияти эҷодии журналист нуқта иназари худро баён медорад.  Ва бинобар ин, Шумо бо ин роҳ на танҳо эътибори касбии зиёиёни Тоҷикистонро ҳимоя намекунед, балки далели оҷизии онро дар симои муассисаҳое, ки Шумо роҳбарӣ мекунед, нишон медиҳед ва дар амал қобилияти онро оид ба дарку ҳимояи манофеи худ боз ҳам поён мебаред, ба ибораи дигар сатҳи арзиши иҷтимоии ин гурӯҳ одамонро дар Тоҷикистон паст мекунед», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Зойиров таъкид кард, ки далелҳо ва талаботе, ки дар банди 4-уми аризаи даъвогӣ дар нисбати О. Тутубалина ва нашрияи «Азия-Плюс» оварда шудаанд, бозгӯи онанд, кидаъвогарон аз асосҳои ҳуқуқу қонунгузорӣ, аз ҷумла дар соҳаи ВАО ва ҳуқуқҳои муаллиф, дар маҷмӯъ, дар соҳаи ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ дурр мебошанд. Ҳамчунин аз моҳият ва вазифаи иҷтимоии зиёӣ дар сохтори ҷомеа ва зарурати баҳсу мунозира ва дуруст баҳо додан ба он огоҳ нестанд. 

Ў ҳамчунин ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, ки аризаи даъвогии мазкур аз ҷониби субъектҳои номуносиб ироа шудааст, яъне муассисаҳое, ки даъвогарон ба онҳо роҳбарӣ мекунанд (муассисаи давлатӣ – Академияи илмҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – Иттифоқи нависандагон ва ғайра) ҳуқуқ надоранд, ки манфиатҳои тамоми зиёиёнро муаррифӣ карда, аз номи тамоми аҳли зиё аризаи даъвогӣ бидиҳанд.  

«Гузашта аз ин, шаҳрванд Абдиева Д.Х., ҳамчунин наметавонад субъекти даъвои мазкур ҳисобида шавад. Тавре аз мазмуни мақолаи мазкур бармеояд, ягона субъекти ҳуқуқӣ, ки имконияти назариявии муроҷиат ба додгоҳро дорад,  БозорСобир ба ҳисоб меравад, ки ин назар дар робита ба омадан ва рафтори ӯ пайдо шудааст»,- гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Зойиров ҳамзамон тасдиқ мекунад, ки аризаи даъвогӣ ба додгоҳи лозима ироа нашудааст, аз ин хотир даъвои мазкур на танҳо бояд қонеъ карда нашавад, балки бояд баррасӣ ҳам нашавад.

«Ба ин хотир, тавассути ин муроҷиатнома, ман аз Шумо хоҳиш мекунам, ки аризаи даъвогии худро аз Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бозпас гиред. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки эътибори касбии худро ҳамчун роҳбарони муассисаҳои мазкур ва ҳам эътибори муассисаҳоеро, ки Шумо дар ин давра роҳбарӣ мекунед, аз даст надиҳед», - муроҷиат кардааст ба даъвогарон Раҳматилло Зойиров.