Матлаби муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина зери унвони “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён” (“Неинтелегентно об интеллигенции ) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест. Ба чунин хулоса Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи навбатии худ омадааст.

Тавре Раиси Шӯро Шарифзода Қироншоҳ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, азбаски матлаби батабърасонидаи Ольга Тутубалина Неинтеллигентно об интеллигенции» танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба ягон банди Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад, ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 4-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад”.

Баръакс дар вокунишҳои матбуотӣ вобаста ба матлаби Неинтеллигентно об интеллигенции» ҳолатҳои халалдор шудани аз ҷумла бандҳои 5, 7, 9 –и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба чашм мехурад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд, масъулияти бештар зоҳир намоянд”, - қайд кард Шарифзода.

 

Ҳамзамон Шӯро аз журналистон хоҳиш карда, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ меъёри банди 16-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро, ки дар он омадааст - Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд”, аз мадди назар дур насозанд.