Шаҳрдорӣ изҳори бовар кардааст, ки соҳибкорону тоҷирони пойтахт ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯроквориро пасттар карда, дар мувозинат бо қобилияти харидории сокинони шаҳр нигоҳ медоранд.

Дар ин бора дар муроҷиатномаи қабулшудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф», ки ба истеҳсолкунандагону аҳли тиҷорат ва сокинони шаҳр равона гардидааст, гуфта мешавад.

«Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон иртиботи зиёд дорад, зеро онҳо таъминкунандаи асосии рӯзгори мардум мебошанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфти ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд», - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамзамон қарори дахлдори мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар  бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» низ қабул гардидааст.

Тибқи он дар давоми  моҳи шарифи Рамазон аз 9 июл то 8 августи соли 2013 ба фурӯш баровардани маводи асосии истеъмолӣ бо нархҳои зерин таъкид гардидааст: гӯшти гов то 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 30 сомонӣ, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6 сомонӣ, картошка то 1,5 сомонӣ, бехпиёз то 65 дирам, сабзӣ то 1,6 сомонӣ, шакар то 4,2 сомонӣ, равғани рустанӣ то 7,5 сомонӣ, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 5о дирам барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм.

Ба корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»,  «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори  Саховат» супориш шудааст, дар моҳи шарифи Рамазон барои истеҳсолкунандагоне, ки маҳсулоти мазкурро бевосита (бе миёнаравҳо) дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба  фароҳам оварда, онҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунанда аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳо дар бозорҳои шаҳр, ки ба моликияти коммуналӣ мансуб мебошанд, бо пуррагӣ озод намоянд. Ҳамчунин аз роҳбарони бозорҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш шудааст, ки амали мазкурро ҷонибдорӣ кунанд.

Ба ҷуз ин,  маъмурияти бозорҳои коммуналӣ муваззаф гардидаанд, ки зери масъулияти шахсии директорони бозорҳо бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ҳамарӯза харид, воридот ва фурӯши маҳсулоти дар ҳудуди кишвар истеҳсолшавандаро тариқи ташкили ярмаркаҳои фурӯш дар назди даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳр ба роҳ монанд.   

Раёсатҳои вазорати корҳои дохилии ҶТ, хадамоти давлатии оташнишонӣ,  андоз, гумрук, назорати давлатии байторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисӯхторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр дар давоми  моҳи шарифи Рамазон пурзӯр карда, барои аз шаҳр набаровардани маҳсулоти истеъмолӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳо андешанд.

Ҳамзамон аз сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ хоҳиш карда шудааст, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон гузаронидани  ҳама гуна санҷишҳоро дар бозорҳои шаҳри Душанбе  мавқуф гузошта, минбаъд фаъолияти назоратию санҷишии  худро тибқи  талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.