Бештари  озмоишгоҳҳои Марказҳои санитарию эпидимологӣ ва озмоишгоҳҳои байтории бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд.

Дар ин бора Икромиддин Валиев, сарвари Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт.

Номбурда афзуд: «Ҳудуди 90% озмоишгоҳҳои марказҳои сантираю эпидимиологӣ ва озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд. Аз нуқтаи назари қонун бигӯем, ин озмоишгоҳҳо ҳуқуқи фаъолиятро надоранд».

- Аслан, мо бо ин ниҳодҳо дар самти  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамкории наздик дорем. Аз ҷумла, бо Марказӣ санитарию эпидемиологии вилоят. Мо ҳамеша омодаем барои гузаронидани озмоишҳои ин ниҳодҳо дасти кӯмак дароз кунем, -  гуфт Валиев.

Дар ин росто як корманди Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад,  изҳор дошт, ки ҳаррӯза мутахассисони байтории бозорҳои минтақа аз деҳқонону фурӯшандаҳои бозорҳо намунаҳои маҳсулотро барои озмоиш гирифта, ба онҳо сертификати маҳсулот медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳҳои онҳо аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд ва ҳуқуқи чунин амалиётро надоранд.

Воқеан, сари ин мавзӯъ чанд сол қабл сарвари собиқи Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Раҷабалӣ Тағоев низ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа ва Марказҳои санитарию эпидимиологии минтақа ғайриқонунианд.