Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Взгляд в будущее» дар шаҳри Санкт-Петербург маълумотномаи навро зери унвони «В помощь трудовому мигранту» («Кӯмак ба муҳоҷири меҳнатӣ») аз чоп баровард.

Бино ба иттилои торнамои намояндагии Хадамоти муҳоҷират, нахустин нусхаҳои маълумотнома аллакай дар фурудгоҳи Пулково-1, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар мавзеъҳои ҷамъшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ройгон таксим карда шудааст. Қисме аз маводи интишоршуда барои тақсими минбаъда ба ҷамъиятҳои тоҷикистониён дар Санкт-Петербург супорида шудааст.

Дар маълумотнома асосан масъалаҳои маъмулие, ки муҳоҷир рӯ ба рӯ мешавад, роҳҳои ҳалли ин мушкилот, унвони мақомоту ташкилотҳои масъул, ки муҳоҷир имкон дорад ба онҳо ҳангоми ба амал омадани ин ё он муаммо муроҷиат кунад, нишон дода шудааст. Ҳамчунин як бахши маводро тавсияҳо оид ба қоидаҳои рафтори шоиста дар кишвари будубош ташкил медиҳад. Маълумотнома ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ таҳия шудааст.

Ёдовар мешавем, ташкилоти «Взгляд в будущее» ҳамон созмони ҷамъиятиест, ки моҳи марти соли гузашта маводи иттилоотиро бо акси муҳоҷирони меҳнатӣ дар шакли асбобҳои сохтмонӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ интишор карда, мавриди вокуниши шадид қарор гирифта буд.