- Фаъолияти тамоми панҷ мадрасаи вилояти Суғд муваққатан қатъ карда шуд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов.

Ба қавли ӯ, таҳсил дар мадрасаҳо бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас кардани асноди иҷозатномавӣ аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мутаваққиф шудааст.

«Дар саросари ҷумҳурӣ имрӯз расман 6 мадраса амал мекунад, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд. Дар онҳо ҳудуди 300 нафар толибилмон таҳсил доранд», - афзуд номбурда.