Дар бинои 15-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ ифтитоҳ гардид. Ин марказ қаблан дар бинои Вазорати корҳои дохилии кишвар фаъолият дошт.

Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар ин робита изҳор намуд, ки маросими ифтитоҳи марказ санаи 11-уми июл доир гардида, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудааст.

«Чун огаҳ будем, ки муваққатан дар бинои ВКД қарор дорем, аз ин рӯ, онро аз таъмири асосӣ бароварда наметавонистем ва мудом таъмири ҷорӣ гузаронида мешуд», - гуфт вазир.

Дар ҳамин ҳол, мушкилоти номукаммалии хулосаҳои судиву тиббиро коршиносон ба таъминоти фаннӣ нисбат медиҳанд. Ба андешаи коршиносон, исботи далели истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона ва ҳамчунин дигар амалҳои ба ин монанд, ки ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда зарари ҷисмонӣ расонида мешавад, аксаран қариб ғайриимкон аст. Мушкилоти асосӣ дар ин самт мавҷуд набудани ташхиси мустақили судиву тиббӣ унвон мешавад.