Муҷтамеъи  маъмурии хадамоти иҷтимоии чаҳорошёнаи шаҳри Кӯлоб, ки ба муддати як сол мутаваққиф карда шуд, дигарбора мавриди таъмиру тармимқ қарор гирифтааст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» намояндаи Оҷонсии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ботурхон Қурбонов хабар дод, бо мусоидати сарвари давлат бастаи молии ба соли 2014 муқарраршуда ба ин иншоотро пеш аз мӯҳлат ҷудо карданд.

Ба қавли ӯ, Вазорати меҳнат, ки фармоишгари сохтмон аст ва корҳои сохтмони иншоотро аз соли 2008 инҷониб ба ӯҳда дорад, маблағгузориро ба солҳо тақсим кардааст.

«Вазорат имкони  якбора ҷудо кардани 6 миллион сомониро надорад, зеро дар сартосари Ҷумҳурӣ сохтмонҳои мухталиф ҷараён доранд»,-зикр кард ӯ.

Тибқи маълумоти Қурбонов, муҷтамеъ акнун то ба охири моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд. Тавре ҳамсӯҳбати оҷонсӣ таъкид дошт, иншооти мазкур на фақат барои хадамоти иҷтимоӣ, балки барои мардуми шаҳри Кӯлоб ва кулли минтақа хеле муҳим аст.

Тавре як манбаъ дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар дод: «Хадамотҳои иҷтимоӣ, ки дар тамоми гӯшаю канори шаҳри Кӯлоб аксаран дар иншоотҳои садамотии қарни 20 титу парешон шудаанд, аз шароитҳои хубу муътадил баҳри  хизматгузории аҳолӣ пурра маҳруманд». Мавсуф афзуд, ки дар шаҳр хадамотҳои минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб дар чунин вазъ қарор доранд.

«Агар қаблан мардум ба  рафтуомадашон ба кулли ин идораҳо якчанд рӯзи худро сарф мекарданд, акнун пас аз мавриди истифода қарор додани муҷтамеъи воҳиди дорои базаи ягонаи маълумот, дар муддати ду соат ниёзи мардум конеъ карда мешавад», - гуфтанд мансабдорони маҳаллӣ.