Чанде  қабл  иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар радифи вакилони пойтахт, инчунин шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, институтҳои шаҳрвандию иттиҳодияҳои динӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мудирони боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ дар кори иҷлосия ширкат варзиданд.

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ин иҷлосия масоили марбут ба риояи волоияти қонун дар ҳудуди пойтахт, омодагӣ ба истиқболи 90-солагии пойтахти кишвар баррасӣ шуданд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо  мақсади абадӣ кунонӣ кардани ёдбуди ашхоси барҷастаи фарҳангу санъати тоҷик  номи кӯчаи Свердлови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Содиқов Мустафо, кӯчаи   Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Махсумов Акбар, кӯчаи Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мухторов Аҳрор, кӯчаи Клара Сеткинаи  ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи  Гастелло ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи  Плеханов ба номи Зафар Нозимов, кӯчаи Котовский ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи  Володарский ба номи Ғуломов Минхоҷ  ва кӯчаи Титовро ба номи Корманди хизматнишондодаи нақлиёти Тоҷикистон Мастонгулов Мирзо иваз кард.