Анонс

- 13 июл дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва тими «Истиқлол» (Душанбе) вохӯрии санҷишӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 18:00;

- 13 июл дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи механизмҳои СУС барои рушди савдои байнулмилалӣ. Таҷрибаи Чин» семинар-конфронс баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

- 14-21 июл дар шаҳри Пуэбла-де-Сарагосаи Мексика мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ВТФ) доир мегардад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Хусрав Ғиёсов намояндагӣ мекунанд;

- 15 июл дар «Амонатбонк» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

- 15 июл дар Суди олии ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- 15 июл дар Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

Қурби асъор

1 доллари ИМА  -     4.7669 сомонӣ;

1 евро                     -     6.0598 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ  -    0.1475 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

13 Июл

1930 – Дар Монтевидео маросими ифтитоҳи мусобиқоти аввалини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд.

1962 – Сохта шудани нахустин трактори чархадори К-700 «Кировец».

1925 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Куинова.

1931 – Мавлуди нависанда Басир Расо.

1941 – Зодрӯзи коргардони кино Бақо Содиқов.

1960 – Мавлуди сароянда Раҳматулло Ҳошимов.

1972 – Зодрӯзи оҳангсоз Равшан Баротов.

14 Июл

2000 – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

1896 – Зодрӯзи арбоби намоёни ҳизбиву давлатии ҶШС Тоҷикистон, муборизи фаъоли барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев.

1916 – Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров.

1947 – Зодрӯзи доктори улуми математика Икром Қурбонов.

Вазъи обуҳаво

13-уми июл

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар шарқ баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +14+19, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.

14-уми июл

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, 14 июл баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, 15 июл дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, 14 июл баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, 15 июл дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии беш аз 3000 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.