Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов бар ин назар аст, ки оянда масъалаи таъсиси шабакаи телевизиони муштаракаи форсизабонон – «Наврӯз» дар ниҳояти кор роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, аммо масъалаи таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ, ки муддати беш аз 9 моҳ дар анборҳои терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, то ҳанӯз номаълум аст.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 12-уми июл Раҳмонов дар ин робита қайд кард, ки дар бораи ба Хадамоти гумрук муроҷиат кардани ҷониби Эрон ҷиҳати аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани воридкунандагони ин таҷҳизот огоҳӣ надорад ва рӯйхати шумораи умумии тачҳизоти дар анбор қарордошта низ дар ихтиёри Кумита нест.

«Ман ҳам тариқи ВАО огоҳ шудам, ки вобаста ба пардохти боҷи гумрукӣ миёни боррасон ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон мушкилот рӯйи кор омадааст, вале бар ин назарам, ки бо гузашти як муддате ин масъала ҳаллу фасл хоҳад шуд. Чун ин шабака ба фаъолият оғоз кунад, шумо пешакӣ огоҳ хоҳед шуд, вале ба ҳар ҳол, мушкилоти ҳалношуда дар ин масъала айни замон зиёданд», - изҳор кард Раҳмонов.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи майи соли равон ҳукумати Эрон изҳор кард, ки таҷҳизоти ба Тоҷикистон воридшудаи шабакаи муштараки телевизиони форсизабонон – «Наврӯз»-ро, ки арзишаш 2 млн. евроро ташкил медиҳад, бозпас гирифтанист.

Зикр гардида буд, ки ин таҷҳизот муддати 7 моҳ дар анбори терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ шуда, Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо дорад.

Дар ҳамин ҳол, сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдураҳим Умариён ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар бораи тақдири минбаъдаи таҷҳизоти зикршуда ва имкони аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шудани он маълумоте дар даст надорад.

«Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки мутобиқи моддаи 321-и Кодекси гумруки ҶТ, агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот ҳатмӣ аст», - изҳор кард номбурда

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.