Нахустин троллейбусҳое, ки дар шаҳри Душанбе насб шуданд, дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат дароварда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдулҳақ Алиев, директори КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» хабар дод, ояндаи наздик боз 15 адад троллейбуси тамғаи «Тролза» насб ва мавриди истифода қарор мегиранд.

«Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни шаҳрдории Душанбе ва корхонаи истеҳсоли троллейбусҳои «Тролза»-и вилояти Саратов, тролллейбусҳо ба корхонаи мо 90% насбшуда ворид мегарданд ва 10%-и корҳои насбро мо дар корхона анҷом медиҳем», - гуфт Алиев.

Ба гуфтаи ӯ, як троллейбуси дар корхона насбшуда тақрибан 128 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, ки нисбат ба нархи корхонаи истеҳсолкунанда 2-3 ҳазор доллари ИМА поинтар аст.

«Дар марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа 20-25%-и корҳои насб дар корхонаи мо анҷом дода мешаванд», - иброз дошт директори корхона.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар корхонаи мазкур 26 нафар сокинони пойтахт машғули кор буда, дар марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа шумори онҳо ду баробар зиёд мешавад.