Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Кафолатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро баргузор кард.
Мақсади чорабинӣ мусоидат ба намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои миллию байнулмилалии дастрасӣ ба иттилоот буд.
Бино ба маълумоти ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» Шоира Давлатова, дар ин давраи омӯзишӣ 25 нафар намояндагони созмонҳои аъзои Эътилоф ва рӯзноманигороне, ки масоили адолати судии ҷиноятӣ ва пешгирии шиканҷаро инъикос мекунанд, инчунин ҳимоятгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.
«Ба ҳайси коршиноси чорабинии омӯзишию амалӣ мушовири калони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гурӯҳи шарикони Претседент» Фотима Якупбаева аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолият кард», - итброз дошт ӯ.
Ба қавли ҳамоҳангсози лоиҳа, дар ҷараёни давраи омӯзишӣ коршиноси байнулмилалӣ ба иштирокдорон тарзу усули муассири дастрас кардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро, ки шарикони қирғизӣ муваффақона ба кор мебаранд, тавзеҳ дод. «Чорабинии мазкур бо мусоидати молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) гузаронида шуд», - афзуд номбурда.
Маълумотнома: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд. Ташкилот иқтидори таҳлилӣ низ дорад. Ба лоиҳа ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои амалкунандае, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи ВАО ширкат варзида, дорои таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти ВАО мебошанд, ҷалб шудаанд.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста