- Ин чӣ адолати судиест, ки барои шахси ба кишвари худ хизматҳои хеле зиёд кардаву танҳо хоҳони некӯаҳволии он буда 28 соли зиндон талаб кунад? - чунин изҳори назар кард коргардон ва драматурги маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов нисбат ба тақозои ҳукми 28 соли зиндон барои соҳибкор Зайд Саидов.

«Дар партави ин амал ман замони НКВД-и сталиниро ба хотир меорам, ки мардумро ҳадди ниҳоӣ муҳлати 25 сол маҳкум мекард ва аз ин боло ҳукми парронидан сурат мегирифт ва он муҳлате, ки прокурор барои Зайд Саидов дархост мекунад, ба ҳукми ҳабси абад баробар аст», - мегӯяд Барзу Абдураззоқов.

Коргардон ба зиёиёни тоҷик бо чунин даъват муроҷат кард: «Ҷанобон, назди шумо беадолатии возеҳ сурат мегирад, куҷост ташаббуси шумо? Агар дар ин рӯзи фоҷеабор барои кишвар шумо садои худро баланд карда натавонед, пас ҳама ҷаласаҳову китоб ва асарҳои шумо назди ин беадолатӣ чӣ қадре доранд?! Ман дар бораи издиҳом сухан намегӯям, ман дар бораи афроде ҳарф мезанам, ки барои тақдири кишвар ҷавобгӯянд. Куҷоянд ҳамаи онҳо? Мо аз баҳри ҳама чиз гузаштаем! Ин комилан фармоиш буда, ҳама аз ин огаҳанд. Аз вазъи судяву муфаттишон ман ба хубӣ огаҳам, онҳоро чизеро иҷро мекунанд, ки барояшон «тарҳрезӣ» кардаанд. Вале ҳеҷ касе намегӯяд, ки ин фармоишгар кист? Кӣ ҳуқуқ додааст, ки ин гуна ба рӯи мо туф кунанд?! Кӣ ба мо мегӯяд, ки «ин қадр кофтуков накун, ки вагарна нобуд мешавӣ»? Дар хона, бадарға, зиндон нобуд мешавӣ…».