Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздикӣ бояд ба ватан фиристода мешуд, аз марказ барои будубоши муҳоҷирони ғайриқонунии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Твер рабуда шуд.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, панҷ нафар мардон худро кормандони мақомоти пулис муаррифӣ намуда, тариқи зӯроварӣ шаҳрванди Тоҷикистонро аз марказ бо худ бурдаанд. Онҳо ӯро ба автомашина шинонида, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакии далели рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон ва санҷиши тамоми ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса оғоз шудааст.

Мурод Алимуродов, як корманди Раёсати тафтишоти вилояти Твер иброз доштааст, ки шаҳрванди рабудашудаи тоҷик 34 сол дошта, мақоми гурезаро доштааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванди тоҷик аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.