10-уми декабр бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон шумо метавонед дар 4 бозори шаҳри Душанбе ёрии ҳуқуқии ройгон гиред.

Дар биноҳои маъмурияти бозорҳои Шоҳмансур, Ганҷина (Саховат), ҶДММ Варзоб ТҶ (бозори Водонасос), КВД оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе (бозори Қарияи Боло) барои ҳамаи шаҳрвандон машварати ҳуқуқии ройгон расонида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд аз соати 10:00 то 16:00 ба ҳуқуқшиносон муроҷиат намоянд.

Иқдом аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Маркази ҳуқуқи кӯдак ва Маркази ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешавад.