Анонс

- 7 декабр дар «Кохи Ҷомӣ» Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории БНММ/АНМО (ВИЧ/СПИД)  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД як аксия доир менамояд. Оғоз соати 12:00;

- 8 декабр дар майдони футболи сунъии Варзишгоҳи марказӣ барои дарёфти Суперҷоми Душанбе миёни чемпиони шаҳр – дастаи «Султони Кабир» ва соҳиби ҷоми пойтахт – тими «Варзоб» вохӯрӣ баргузор мешавад;

- 8-9- уми декабр бори нахуст дар таърихи кишвар дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи авруосиёии муд - Dushanbe Fashion Week (DFW) барпо мешавад. 8 декабр: меҳмонхонаи «Hyatt», соати 16-00; 9 декабр: «Dushanbe Plaza» соати 11-00;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7737 сомонӣ;

1 евро - 6.4648 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 79 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

7 Декабр

Рӯзи кормандони мақомоти молия.

2001 – Пас аз таваққуфи дарозмӯҳлат ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия барқарор шуд.

1924 – Зодрӯзи ҳунарманди театр Тӯйдӣ Бобиева.

1936 – Мавлуди математик Разиюлло Атохонов.

8 Декабр

1991 – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор намуданд.

1919-1985 – Зодрӯзи ходими давлатӣ Бобо Маҳкамов.

1949 – Мавлуди коргардон, оҳангсоз ва овозхон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров.

Вазъи обуҳаво

7-уми декабр

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +5+7.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +1+3.

8-уми декабр

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф). 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -4+1.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, акспран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +8+10.