Имрӯз зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара и в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъ дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қирғизистон шинос шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти А.Қодирӣ бо сокинони ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло масъалаҳои суръат бахшидан ба ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин, омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ, густариши ҳамкориҳои бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра матраҳ гардидаанд.

«Қодирӣ аз сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қирғизистон даъват кард, ки ба иғвогариҳои нерӯҳои ҷудогона, ки ба дӯстии чандинасраи мардуми тоҷику қирғиз рахна ворид карданианд, дода нашаванд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки и.в. раиси вилояти Суғд ба сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз итминон додааст, ки тамоми масоили марбут ба аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи осоиштаву созиш сари мизи гуфтушунид ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» сокинони Исфара маълумоти чанде аз ВАО бобати дар тамоми гузаргоҳҳҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷамъ шудани миқдори зиёди воситаҳои нақлиёти боркашро рад намуданд.