Дар қабулгоҳи муваққатии шаҳри Краснодари Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки барои будубоши ғайриқонунӣ, мавҷуд набудани ҳуҷчатҳои муайянкунандаи шахсият ва таъхири пардохти маблаги патент барои фаъолияти корӣ бояд ба ватан истирдод шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, корманди намояндагӣ аз қабулгоҳи мазкур боздид намуда, бо шароити будубоши шаҳрвандони тоҷик шинос шудааст.

«Як шаҳрванди дар ин қабулгоҳ қарордоштаи Тоҷикистон Гулмурод Салимов гуфтааст, ӯро ғайриқонунӣ боздошт намудаанд, зеро ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ доштаст, вале ҳангоми боздошт корманди пулис як квитансияи пардохтро гум кардааст», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, бо мусоидати корманди намояндагӣ барои ҳиимоя аз ҳуқуқҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон адвокат киро шуда, рӯзҳои наздик аз болои қарори суд дар бораи истирдоди ӯ ба зинаи болоӣ шикоят оварда хоҳад шуд.

Котиби матбуоти намояндагӣ ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик боқимонда 14 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан истирдод хоҳанд шуд.