Анонс

- Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон. Оғоз соати 10:00;

- Дар мусобиқоти футболи Ҷоми Иттиҳод – 2013 дар Санкт-Петербург дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Эстония қувваозмоӣ мекунад;

- Нишастҳои хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ соати 15:00) ва Вазорати кишоварзии ҶТ (соати 10:00).

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7752 сомонӣ;

1 евро - 6.4730 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 26 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1848 — Дар Калифорния (ИМА) порчаи худрӯи тиллои холис дарёфт гардида, соли минбаъд тамоми Амрикоро «изтироби тиллоӣ» фаро гирифт.

1976 — Фалокати бузургтарини асри XXI – садамаи танкери бузурги Olympic Bravery бо ғунҷоиши оби 250 ҳазор тонна.

2002 — Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо роҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай дар Душанбе Баёнияи муштарак дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -2+3;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад, туман.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +2+4.