Дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек бори навбатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов хабар дод, ки ӯ низ миёни боздоштшудагон ҳузур доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа ҳадафмандона кормандони созмонҳои байнулмилалиро боздошт намуда, марзбонон ба онҳо гуфтаанд, ки «тамоми мусибатҳо бар асари фаъолияти ҳамин гуна олимоне сар мезананд, ки ба ҳалли мушкилоти ихтилофҳо машғуланд».

«Аз ин бармеояд, ки дар бораи боздошти ҳамин гурӯҳи мусофирон аз боло супориш шудааст. Аз ин рӯ, дар минтақаи пӯшидаи фурудгоҳ қарор дорем. Се нафари мо беморанд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки шумори мушаххаси боздоштшудагон маълум набуда, шарҳи масъала аз ҷониби афроди расмӣ айни замон ғайриимкон аст.

Ёдрас мекунем, ки ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба монеъаэҷодкуниҳо нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ шикоятҳо мерасанд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» воқеъан зиёд шудани чунин шикоятҳо тайи чанд рӯзи ахирро тасдиқ намуда, дар ин маврид изҳор намуд, ки зимни убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳамсарон, ки зан шаҳрванди Қирғизистону мард шаҳрванди Тоҷикистон аст, як духтари тоҷикистонӣ ва ҳамчунин 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳолат дучор шудаанд.

Ҳамчунин рӯзи 21-уми январ ба се нафар ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки ба вохӯрии ҳамасолаи Платформаи Шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар ҳаракат» ба Бишкек раҳсипор шуда буданд, дар марзи Қазоқистону Қирғизистон иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд ва онҳо ночор ба Душанбе баргаштанд.