Боз як ноҳияи вилояти Хатлон аз кумаки (дотатсия)-и буҷети ҷумҳурӣ даст кашид.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон, имкон пайдо шуд, ки ноҳия  қисми хароҷоти буҷети худро аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт бикунад. «Бо ба истифода додани ин корхона мо натанҳо хароҷоти буҷети худро бароварда мекунем, балки 9 млн. сомонии дигар ба буҷети вилоят низ ҳисса ҷудо мекунем», - илова кард раиси ноҳия.

Ба иттилои раиси ноҳия, буҷети соли 2014  аз 41 млн. сомонии соли 2013 то ба 67 млн. сомонӣ расида, соли 2013 ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5 млн. сомонӣ кумакпулӣ мегирифт. «Хушбахтона, ноҳия тавонист ба ноҳияи худмаблағгузор табдил ёбад», - афзуд раиси ноҳия.

Бояд ёдовар шуд, ки шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон шаҳру навоҳие мебошанд, ки ба худмаблағгузорӣ гузашта буданд. Аз ин баъд ноҳияи Ёвон низ ба ин руйхат шомил шуд.