Соли гузашта бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар ҳудуди 38 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 32%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, соли 2013 ба Агентии мазкур ҳудуди 120 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 71 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 52 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, давоми соли сипаришуда беш аз 8,1 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 3,3 млн. сомонӣ (зиёда аз 686 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми январи соли 2013 дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ қариб 78 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва ҳудуди 54 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ҳудуди 18,5 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва беш аз 5 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба наздики 3,4 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ каме бештар аз 11 млн. 184 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ соли гузашта 685 ярмакаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 12 ҳазору 142 нафар ба навъҳои гуногуни шуғл ҷалб карда шуданд.

Ба иттилои Агентӣ, соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ду баробар зиёдтар аст.