Дар робита ба таҳсили донишҷӯён дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти сарпарастиии ширкати «Барқи тоҷик», раҳбарияти донишкада ширкатро огоҳ кард, ки дар сурати напардохтани маблағи таҳсили онҳо, чора хоҳад андешид.

Хайрулло Назаров, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, зимни як нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки лоиҳаи фармони хориҷ кардани беш аз 30 нафар донишҷуёне, ки зери сарпарастии ширкати «Барқи тоҷик» дар ин донишкада таҳсил доранд, аллакай омода шудааст.

«Агар ширкати «Барқи тоҷик» то моҳи феврали соли равон маблағҳои қарзашро, ки то имрӯз 789 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пардохт накунад, мо донишҷуёнашро ҳам аз шуъбаҳои рӯзонаву ҳам аз шуъбаи шабона хориҷ хоҳем кард», - иброз дошт ректор.

Ба қавли ӯ, мувофиқи ваъдаҳои роҳбарияти ширкат ба онҳо, маблағҳои қарзашон бояд то моҳи феврал пардохта шаванд. «Дар сурати напардохтан, мо илоҷи дигар надорем», - афзуд Х.Назаров.