Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд соли гулҳо эълон гашт. Дар робита ба ин ҳукумати шаҳр тасмим гирифтаастт, ки тамоми хиёбонҳои шаҳр ва атрофии биноҳои маъмуриву истикоматӣ бо гулҳои гуногуни ороишӣ зиннат дода шаванд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо мақсади ичрои тасмими роҳбарияти шаҳр соли равон, мутобиқи нақша, бояд дар ҳудуди шаҳр то 50 ҳазор ниҳол шинонида шавад. Соли 2013 шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда ба 32 ҳазор баробарбуд.

«Мақсад аз эълони соли гулҳо аслан тарғиби ҳифзи табиат ва тарбияти муносибати хоса ба табиат аст. Бо ин мақсад дарахтони кӯҳансоли хушкшуда бурида шуда, ба ҷойи онҳо ниҳолҳо шинонида мешаванд», - илова кард манбаъ.

Зикр Гардид, ки айни замон дар гармхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳудуди 80 ҳазор ниҳол парвариш карда мешаванд, ки ҳам ниҳолҳои ороишӣ ва ҳам мевадор мебошанд.