Дар робита ба ивази қубурҳои обгузар ва анҷоми корҳои таъмир дар кӯчаи Саид Носиров, муддати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ ба аксари сокинонони ноҳияҳои Исмоили Сомониву Синои пойтахт қатъ мегардад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 29 то соати 8:00 рӯзи 30 январи соли 2014 дар кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носиров, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино интиқоли об қатъ карда мешавад.

Дар ин робита аз сокинони кӯчаву маҳаллахои зикршуда дархост карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.