Аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 644 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ таҳсил доштанд.

Зимни нишасти хабарӣ мудири шӯъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов дар ин робита зикр кард, ки то имрӯз 628 нафар донишҷӯён аз ин кишварҳо ба вилоят баргаштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи рӯйхати мавҷуда, боз 16 нафари дигар дар кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд, ки се нафар расман ба таҳсил машғул буда, як нафар ҳамроҳи оилааш дар Арабистони Саъудӣ иқомат дорад ва 2 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

«Боз 10 нафар аз ин шумори ба ватан бргаштагон баъди чанде бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ, сайру саёҳат ва тиҷорат ба ҷойҳои пешинаи таҳсил баргаштаанд», - гуфт Шарифов.