Директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба истеъфо меравад.

Сабаби аз кор рафтанашро ӯ чунин шарҳ дод, ки консепсияи дар нақша доштаашро амалӣ карда натавонистааст.

«Ман мехостам, ки шабакаи телевизион муосир ва рушдёфта бошад, вале ин нақшаамро амалӣ карда натавонистам. Мақомоти шаҳрдорӣ, ки корфармои ман аст, моил ба он буд, ки дар шабака танҳо масоили марбут ба ҳаёти пойтахт инъикос гардида, ба мушкилоти дигар дахолат карда нашавад», - гуфт А.Абдуқаҳҳор.

Дар бораи ба истеъфо рафтанаш аз вазифа ӯ дирӯз, 27-уми январ ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат намудааст.

Шабакаи телевизионии «Пойтахт» аз соли 1996 фаъолият дошта, бо фармони раиси шаҳри Душанбе соли 2006 давлатӣ шуд. Моҳи октябри соли 2012 Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар озмуни эълонкардаи мақомоти шахрдории пойтахт ғолиб омада, роҳбарии шабакаро ба уҳда гирифт. То сари ин вазифа омадан, ӯ ба ҳайси директори радиои давлатии «Тоҷикистон» фаъолият дошт.

Айни замон Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба кори дигар гузаштанист, вале алҳол ҷойи кори навро интихоб накардааст.