Ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс маблағгузории таҳсили 50 нафар ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбиро дар курсҳои ронандагӣ бар уҳда гирифтааст.

Чуноне раиси ноҳияи номбурда Абдуалим Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамъияти мададгори мудофиаи ноҳия, тасмим гирифта шудааст, ки 50 нафар ҷавонони синни даъватиро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб намуда, ҳамин тариқ, то мавсими даъвати баҳорӣ онҳоро барои хизмат омода намоем.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи таҳсили ин ҷавонон барои ҳар як нафар аз 700 то 800 сомонӣ рост омада, то имрӯз алакай 30 нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. «Ин усули кор ба мо даст медиҳад, ки то мавсими даъват қариб 50 дар сади нақшаи даъватамонро омода намоем», - афзуд Исмоилов.