Раёсати Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ба 17 нафар донишҷӯёни ятим ноутбук ва модем барои пайвастшавӣ ба шабакаи интернет туҳфа кард.

Маҳмад Шодиев, ректори донишгоҳи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба хотири дастгирии донишҷӯёни ятим роҳандозӣ шуд. «Фикр мекунам, ин компютер ва модеме, ки мо ба онҳо туҳфа намудем, барои сайқал додани донишашон кумак хоҳад расонд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ба 408 нафар донишҷӯён, ки аз яке аз волидайнашон маҳрум шудаанд, дар ҳаҷми 300 сомонӣ кумаки якдафъаинаи молӣ расонида шуд. «Ғайр аз ин, ба 27 нафар донишҷӯёни маъюб низ кумаки якдафъаинаи молӣ расонида шуд»,- илова кард ректор.