Раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров зимни як нишасти хабарӣ аз кори расонаҳои хабарии вилояту ҷумҳурӣ изҳорӣ норозигӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳия воқеаҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ зиёданд, аммо хабарнигорони вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ноҳияи мазкур кам аҳамият медиҳанд.

“Мо мақолаҳои таҳлилию танқидиро низ қабул дорем, агар онҳо беғаразона ва объективона бошанд. Ҳар як мақолаи таҳлилию танқидиро мо дар ҷаласаи назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои зарурӣ меандешем”, - таъкид дошт раиси ноҳия.