Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 817 ҳолати рияои накардани Кодекси замини ҶТ ошкор карда шуд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Кумитаи замини минтақаи Кӯлоб Тоҳир Саидов дар ин робита изҳор кард, ки дар 605 ҳолат қонуншиканон ба маблаги умумии 182 ҳазору 594 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе ҳолатҳо муроҷиат ба мақомоти прокуратураву суд зарур омада, дар зарфи як сол 44 парванда ба мақомоти прокуратура ва 61 парванда ба мақомоти судӣ пешниҳод гардидааст.

«Дар 425 ҳолат қонуншиканӣ ба истифодаи замин бидуни сертификат ва саривақт пардохт нашудани маблағи андоз марбут аст», - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, давоми сол 53 ҳодисаи худсарона азхудкунии 23,6 гектар замин ба қайд гирифта шуда, дар ҳамаи ҳолатҳо баргардонидани заминҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда муяссар гардидааст.