Анонс

- Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ маросими аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба Агентӣ супурдани автомобилҳо, таҷҳизоти махсус, воситаҳои алоқа, сарулибоси махсус ва дигар амвол ба Агентӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

- Муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 29 то соати 8:00 рӯзи 30 январи соли 2014 дар кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носиров, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино интиқоли об қатъ карда мешавад;

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон (оғоз соати 09:00), Бонки миллии Тоҷикистон (соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (соати 10:00);

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ нахустнамоиши операи «Травиата» (Ҷ.Верди) баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00;

- Дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоишномаи солинавӣ барои кӯдакон «Афсонаи Маликаи барфӣ» ба итмом мерасад. Оғоз соати 14:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7776 сомонӣ;

1 евро - 6.4817 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.142 0 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1833 — Дар Русия аввалин почтаи шаҳрӣ таъсис дода шуд.

1932 — КИМ ва Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкили Кумитаи радиошунавонӣ қарор қабул карданд.

1933 — Зодрӯзи табиб-урологи маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ.

1934-1999 — Мавлуди олими соҳаи физика Обидҷон Маҳмадов.

1955 — Зодрӯзи варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебуннисо Рустамова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +14+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.