Филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд.» (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак машгул аст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки то шоми имрӯз аз сафар тариқи ин роҳ худдорӣ кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти филилаи ширкат хабар доданд, рӯзи чоршанбе, 29-уми январ дар қитъаи Варзоби роҳ (километри аз 62 то 78-ум) тармаҳо фаромада, бинобар ин ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони ширкат имрӯз ин қитъаро аз оқибатҳои тармафароӣ тоза карда, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёти дар асорати тарма қарордошта сурат мегирад.

«Бинобар ин, аз тамоми истифодабарандагони роҳ хоҳиш карда мешавад, ки мувофиқи имкон аз ҳаракат дар қитъаи мазкур худдорӣ намоянд», - дархост карданд кормандони филиал.