Анонс

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Вазорати адлияи ҶТ (оғоз соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва Вазорати энергеттка ва захираҳои оби ҶТ (соати 15:00);

- Дар толори Коллеҷи мусиқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мусиқачиёни гурӯҳи «Авесто» Ҷасур, Ҷаъфар ва Умед Халиловҳо консерти мусиқии ҷаз доир мегардад. Воридшавӣ ройгон аст. Оғоз соати 15:00:

- Вохӯрии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод – 2014 бо дастаи Молдова дар Санкт-Петербург. Оғоз соати 20:00 ба вақти Душанбе.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7777 сомонӣ;

1 евро - 6.4821 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 15 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1917 — Дар ИМА бори нахуст дар ҷаҳон пластинкаи ҷазӣ сабт шуд.

1930 — Дар Маскав садои зангӯла манъ карда шуд.

1961 — Корхонаи истеҳсоли равғани Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт.

1995 — Дар фестивали мазҳабии ҳиндугӣ дар Оллоҳобод (Ҳиндустон) оид ба дар як вақт гирдиҳам омадани мардум дар як макон рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд – 20 млн. нафар.

2010 — Шерхон Салимзода Прокурори генералии Тоҷикистон таъин карда шуд.

2012 — Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул шуд.

1902 — Зодрӯзи геологи кӯҳансоли Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон Недавеский Антон Петрович.

1913 — Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Софя Тӯйбоева.

1924 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +14+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.