Барномаи рушди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2014-2018 қабул шуд.

Чуноне раиси ноҳияи номбурда Акрам Сулаймонов хабар дод, ин барнома аз 138 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 178 миллион сомони иборат мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати пурра амалӣ шудани барномаи мазкур симои маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба куллӣ дигар хоҳад шуд.  «Ин лоиҳаҳо аз сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна то биноҳои маъмурии идораю ташкилотҳои давлатӣ ва  иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодиро дар бар мегирад», - иброз дошт А.Сулаймонов.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб ягон ташкилоту идораҳои давлатӣ биноҳои маъмурии худро надоранд ва онҳо дар биноҳои иҷоравӣ фаъолият доранд «Умед дорем дар соли 2018 симои маркази ноҳия рангорангу мафтункунада хоҳад шуд», - илова кард раиси ноҳия.