Анонс

- Дар дафтари кории Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ҷаласаи Шӯрои ВАО бахшида ба натиҷаҳои мониторинги ахири ВАО оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ баргузор мешавад. Ин мониоринг норозигии чанде аз ҳайатҳои нашрияҳоро ба бор овард. Оғоз соати 10:00;

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар Вазорати саноат ва технологияхои нави ҶТ (оғоз соати 09:00) ва Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ( оғоз соати 10:00 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ).

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8005 сомонӣ;

1 евро - 6.4826 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1399 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1865 — Манъи ғуломӣ дар ИМА.

1918 — Дар Русия тақвими григорианӣ ( солшумории нав) ҷорӣ карда шуд.

1927 — Ташкили ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1989 — Парвози мунтазами ҳавопаймои бузургтарини мусофирбар дар ҷаҳон «Боинг 747-400» оғоз гардид.

2002 — Дар Тоҷикистон истгоҳи аввалини рақамии телефонӣ ба истифода дода шуд.

1935 — Зодрӯзи нависанда ва журналисти русзабони Тоҷикистон Борис Пшеничный, ки муддати зиёд ба ҳайси сардабири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Коммунист Таджикистана» фаъолият дошт.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманакӯҳҳо барф ва ахири рӯз дар водиҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз барф меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +1+3.