Мутобиқи қарори чанде қабл баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳо ва ташкилотҳои дахлдори пойтахт ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр уҳдадор шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи мақомоти шаҳрдории Душанбе, мувофиқи қарор, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни Раёсати маорифи пойтахт қарор доранд, бояд то 15-уми аайи соли равон ба қабули кӯдакону наврасон омода карда шаванд.

«Тобистон дар ду баст дар истироҳатгоҳҳои зикршуда беш аз 1660 нафар аълочиёни таҳсил ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахт ба истироҳат фаро гирифта мешаванд», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар 2 басти 36 истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таълимӣ дар мавсими таътили тобистона 3 ҳазору 800 нафар кӯдакону наврасон истироҳат карда метавонанд.