Чанде қабл прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дар ин робита зикр кард, ки солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.

Аммо шаҳрвандони қаторӣ, ки дар байнашон шумори зиёди муҳоҷирони корӣ ҳузур доранд, ба ивази ному насабашон бо тарзи русӣ шитоб надоранд ва гузашта аз ин, тамоили дубора аз тарзи номгузории тоҷикӣ дубора ба тарзи номгузории русӣ баргаштани шаҳрвандон мушоҳида мешавад, зеро зимни убури марзи Русия ва бозгашт ба ватан дар робита ба ин масъала онҳо ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми сентябр вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар ин хусус чунин ибрози андеша кард: «Имрӯз чор навъи ҳуҷҷат, аз ҷумла шаҳодатнома дар бораи таваллуд дар маҳалҳоро на мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС), балки ҷамоатҳои маҳаллӣ медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки кормандоне, ки ба ин масъала сарукор доранд, ҳуқуқшинос нестанд ва аз ин рӯ, дар ин ҳолатҳо мушкилот пайдо мешавад», - гуфт Менглиев, ки хатогиҳо дар навиши ному насаб, яъне ба ҷойи фамилия ному ба ҷойи ном фамилия навиштанро дар назар дошт.