Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Субҳи Дониш» (МаСуД) дар ҳамкорӣ бо “Маҳитӣ Инфотек”-и Ҳиндустон ва бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад (ИҶК – БМ) дар Тоҷикистон аз 26 то 6 феврали соли 2014 Курсҳои омӯзиширо барои омода намудани тренерон оид ба технологияҳои кушодаасос ба роҳ мондааст.

Тавре аз ИҶК-БМ дар ҶТ хабар доданд, коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз роҳҳои боэътимоди татбиқи технологияҳои мобилиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар тарбияи барномасозони маҳаллӣ ва рушди тавонмандии касбии онҳо мебинанд. Барои саҳм гузоштан дар чунин раванд курси омӯзишии мазкур ташкил карда шуд, ки ба равнақ додани малакаи барномасозони маҳаллӣ дар тарҳрезии афзорҳои мобилӣ, таҳияву татбиқ ва тавсеаи архитектураи онҳо равона гардидааст. Шунавандагон инчунин имкон доранд, ки нозукиҳои таҳияи лоиҳаҳои ТИК-бунёди иҷтимоиро омӯзанд ва бо коршиносону ҷамъиятҳои технологияҳои кушодаасос ошно шуда, дар лоиҳаҳои онҳо ширкат варзанд.

Курси омӯзишӣ аз ду бахш иборат мебошад. Ҳар як бахш муддати ду ҳафта ба шунавандагон нозукиҳои барномасозиро меомӯзад. Агар бахши аввал ба бартариҳои рӯйкардҳои нави барномасозӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, бахши дуюм ба тарҳрезии барномаҳо, архитектураи онҳо ва таҳияву татбиқи онҳо барои ҳалли масъалаҳои ватанӣ  равона мегардад. Алҳол бахши аввали омӯзиш гузашта истодааст. Бахши дуюми курс дар нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин муддат шунавандагон имкони санҷидани донишу малакаи андӯхтаи худро доранд ва дар бахши дуюми омӯзиш метавонанд ба саволҳои пайдошудаи худ ҷавоб ҷӯянд ва тавонмандии худро таҳким бахшанд. Тренерон барои ҳар ду бахш ҳам аз ҷониби «Маҳитӣ Инфотек» таъмин карда мешаванд. Шунавандагон дар ду баст омӯзонида мешаванд:

Омӯзиши мазкур аз ҷониби тренерон Сунил Наллод, сардори бахши тарроҳӣ ва интерфейси корбарии «Маҳитӣ Инфотек»-и Ҳиндустон ва Сайфулло Ҳикматов, омӯзгори веббарномасозии Ташкилоти ҷамъиятии Маркази Субҳи Дониш (МаСуД) идома дорад.

Маълумотнома: «Маҳитӣ Инфотек», ки маънояш иттилоот аст, ҳамчун ширкати барномасози пешбарандаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҳиндустон шинохта шудааст. Ширкат комилан аз технологияҳои озод ва кушодаасос истифода бурда, барномаҳое месозад, ки ба осон кардани мушкилиҳои ташкилотҳои гуногуни шаҳру деҳот равона гардидаанд. Маводи технологии онро дар саросари штати Карнатакаи Ҳиндустон муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ истифода мебаранд.