Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе, доктори улуми филологӣ, профессор Абдулҳамид Нозимов изҳор кард, ки дар муассисаи таълимии мазкур ифтитоҳи бахшҳои омода кардани мутахассисон дар соҳаи сайёҳиву реклама дар назар аст.

Ректори муассисаи таълимӣ зикр кард, ки 12 нафар хатмкардаи соли 2013-и филиал дар соҳаи математика муваффақона бо ҷойи кор таъмин гардида, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки хатмкардагони филиал бо ҷойҳои кории шоиста таъмин гарданд.

«Айни замон мақомоти раҳбарии муассиса ҳамчунин масъалаи имкони ифтитоҳи магистратура оид ба ихтисоси «математикаи амалӣ ва илми компютерӣ», геология ва забоншиносиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, ман шахсан аз ректори ДДМ Виктор Садовничий дархост намудам, ки ба бакалаврҳои мо барои таҳсил дар магистратура ва аспирантура имкон дода шавад», - таъкид дошт Нозимов.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, соли ҷорӣ сохтмони варзишгоҳи болопӯшида ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар буда, қароргоҳ (база)-и геологӣ ва технопарк оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳо мавриди истифода қарор мегирад.