Анонс

- 1-2 феврал дар кинотеатри «Ҷавонон» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 112 Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад. Ҳар рӯз соатҳои 11:00 ва 14:00 ду филм намоиш дода мешавад. Воридшавӣ ройгон аст;

 

- 2 феврал дар даври интихобии Ҷоми КФО оид ба футбол дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии дастаҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Ал-Ярмук» (Яман) доир мегардад. Оғози бозӣ соати 13:00;

- 3 феврал нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар Вазорати молияи ҶТ (оғоз соати 09:00), Фрудугоҳи байнулмилалии Душанбе (соати 09:00) ва Агентии омори назди президенти ҶТ (соати 14:00).

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8006 сомонӣ;

1 евро - 6.4905 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.139 0 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1 феврал

1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.

1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.

1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.

2002 – Бо фармони президенти Тоҷикистон дар сохтори ВКД мақомоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ихтисор шуд.

2010 – Хукумати ҶТ Стратегияи сесолаи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012-ро маъқул шуморид.

2020 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ гардиданд.

2011 – Операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ кардани андози аксизӣ арзиши хизматгузориҳоро 3% боло бурданд.

1930 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.

1930 – Зодрӯзи олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.

1938 – Зодрӯзи журналист Турғун Дадабоев.

1950 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.

1952 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе.

1953 – Зодрӯзи журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.

1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанов, вакили палатаи поёнии парлумон. 

2 феврал

1933 – Таъсиси Агентии расмии иттилоотии ТоҷикТА (аз соли 1922 – АМИТ «Ховар»)

1936 – Совнаркоми ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкили тетари давлатии сайёри колхозӣ қарор қабул кард.

2010 – Дар ҶТ Комиссияи байниидоравӣ барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳифзи бозори дохилӣ таъсис ёфт.

1944 – Зодрӯзи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов.

1947 – Зодрӯзи Давлаталӣ Давлатзода, вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали раиси ҳизб.

1949 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тоҷиддин Муҳиддинов.

Вазъи обуҳаво

1 феврал

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), баъзан боришоти шадид.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадиди барф.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона -2-7, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадиди барф.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -9-14, рӯзона -1-6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони ба барф табдилёбанда.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони ба барф табдилёбанда.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони ба барф табдилёбанда.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона -2-4.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона 0-2.

2 феврал

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадиди  барф.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -5-10, дар доманакӯҳҳо шабона -6-8, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -6-11, рӯзона -3-8;  дар шарқи вилоят шабона -9-14, рӯзона -4-9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -5-7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона -3-5.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -5-7.