Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки шаби 2-юми феврали соли равон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав роҳбари ҷамъияти "Нур"- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Русия, олим ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек аз олам даргузашт.

«Сафорат аз марги нобаҳангоми Боғшоҳи Лашкарбек сахт андухгин буда, ба аҳли хонаводаи муътабари эшон, дӯстону наздикон ва аъзои ҷамъияте, ки марҳум солиёни зиёд сарварии онро бар уҳда дошт, изҳори ҳамдардӣ менамояд», - изҳори ҳамдардӣ мешавад дар хабари сафорат.
Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев рӯзи 2-юми феврал масъулини сафоратро гирд оварда, дастур додааст, ки бо хонаводаи олими шинохтаи тоҷик ва шахсияти баргузидаи фарҳангии тоҷикон дар Русия Боғшоҳи Лашкарбек дар робитаи домӣ барқарор намуда, дар масоили ташкили маросими видоъ, ҳамчунин бо мувофиқат бо аҳли хонаводаи марҳум ҷиҳати интиқоли ҷасади ин шахсияти саршиноси ҷомеаи тоҷикистониёни Русия ба Ватан кумак расонем.
Гуфта мешавад, интизор меравад, ки маросими видоъ рӯзҳои наздик дар Маскав баргузор гардад.
Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар бораи марҳму чунин ибрози надеша намуд: «Устод Боғшоҳи Лашкарбекро 16-сол аст, ки хуб мешинохтам. Равоншод ҳамчун олими адабиётшиноси тоҷик, сарвари яке аз ҷомеаҳои тоҷикистониҳои Русия дар фазои фарҳангии миллатҳои муқими Русия, аз ҷумла ҳамватанони мо ҳузури чашмгир доштанд. Эшон ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар хоки кишвари Русия ҳамеша дар такопӯ буд, ки насли феълии ҳамватанони мо, ки аксар ҷавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш, ки дар кӯҳистони Ватан ҷой доранд, ба дуриҳо навфтанд, решапайвандие дошта бошанд. Инҷост, ки доимо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мекарданд, кишвари азиз ва фарҳангу адабиёти қадимии мардуми моро муаррифӣ менамуданд. Марги ин фарзанди барӯманди миллат талафоти гаронест ба тоҷикистониёни муқими Русия».