Дар Маркази исломии Тоҷикистон (МИТ) бо иштироки Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, раиси МИТ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва имомхатибони шаҳри Душанбе курси бозомӯзии имомхатибон дар бобати ақида дар мазҳаби ҳанфӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, Абдураҳим Холиқов аснои суханронии худ аз паҳн гардидани ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуби диниву мазҳабӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, зарурати ташкили курси бозомӯзии имомхатибонро барои анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа зарур арзёбӣ кард. «Ғояҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли мардуми тоҷик пайрави онанд, имрӯз бо қонунгузориҳои давлати дунявӣ, аз ҷумла бо қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳамоҳанг мебошад», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар суханронии иттилоъ дод, ки ин курси бозомӯзӣ тақрибан ду моҳ тӯл кашида, дарсҳо бошанд, ҳафтае ду маротиба муқаррар гардидаанд. «Дар ин муддат як қатор мавзуот, аз ҷумла мавзуоти баҳсии шариат, ки боиси ихтилофоти миёни мазҳабҳост, мавриди муҳокима қарор дода мешавад», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бБа имомхатибон дар боби ақида раиси МИТ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва дигар устодони барҷастаи соҳа дарс мегӯянд. Дар охир имомхатибон барои босамар сипарӣ гардидани ин марҳилаи бозомӯзӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуданд.