Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) 4-уми феврал силсилаи семинарҳои омӯзишӣ барои бақайдгирандагон баргузор месозад, ки тули як моҳ идома меёбанд.

Тавре ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз ММТ иттилоъ доданд, курсҳои мазкур дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Дар ин семинарҳо нафароне, ки бо хоҳиши худ пешакӣ ба озмуни интихоби масъулони бахши бақайдгирӣ ҳуҷҷат супурдаанд, иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ, тибқи эълони пешакӣ, барои 20 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз ҷониби Марказ дар 11 шаҳру навоҳии кишвар таъсиси дода шудааст, 164 (ш. Душанбе ва ноҳияи Рашт - 52, ВМКБ - 12, вилояти Хатлон  - 50 ва вилояти Суғд - 50) нафар ҳуҷҷат супурдаанд, ки 7 гурӯҳро ташкил мекунанд. Дар давоми ду рӯз мутахассисони Марказ барои як гурӯҳ, яъне, 25 нафар иштирокдорони семинар моҳият ва муҳтавои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-ро мефаҳмонанд. Баъдан, ба онҳо аз раванди бақайдгирии довлаталабон бо истифода аз технологияи муосир дарсҳои амаливу назариявӣ дода мешавад. Рӯзи дуюми семинар аз рӯйи талаботи  вазифа Марказ дар байни иштирокдорони семинар озмун мегузаронад. Иштирокдороне, ки аз уҳдаи тамоми талабот мебароянд, аз ҷониби Марказ ба ҳайси бақайдгиранда аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2014 ба кор ҷалб карда мешаванд.

Вазифаи асосии масъулони бахши зикргардида дар муҳлати номбаршуда бо истифода аз барномаи копютерии бақайдгирӣ довталабонро ба пойгоҳи додаҳо ворид кардан аст.

Семинарҳо дар 4 минтақаи кишвар: дар шаҳри Душанбе аз 4-ум то 7-уми феврал, вилояти Суғд аз 11-ум то 14-уми феврал, вилояти Хатлон аз 18-ум то 21-уми феврал, ВМКБ аз 25-ум то 26-уми феврал сурат мегиранд. Дар охир аз 164 иштирокдори озмун 120 нафари арзанда интихоб мегарданд.

Маълумот: Татбиқи ҷараёни низоми ИМД аз 10 давраи асосӣ иборат аст, ки якеаш давраи бақайдгирист. ММТ тасмим гирифтааст, барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи зикршуда аз ҳисоби хоҳишмандон ба тариқи озмун бақайдгирандагонеро ба кор ҷалб кунад, ки баъдан ба корҳои мавсимӣ қабул мешаванд.

Ба рӯйхат гирифтани довталабон дар 20 бунгоҳ сурат мегирад. Ҳар кадоме аз ин бунгоҳҳо дорои 4 истгоҳ (стансия)-и дорои компютер, принтер ва дастгоҳи аксбардорӣ буда, 6 нафар корманд дорад.