Санаи 6-уми март шаҳрдори Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба 22 нафар журналистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла Дадохони Эгамзод - сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиб Каримов (Озарахш) – мухбири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъматҷон Дадобоев (Оташ) – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Маъсум Имомов – мухбири радиои «Озодӣ», Мухтор Абдуллоев – мухбири рӯзномаи «Садои мардум», Аъзам Мақсудов– сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ» ва дигарон дода хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ваъда дода буд, ки барои ҳавасманд намудан ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, маросими қуръапартоӣ барои гирифтани замин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзи душанбеи 10-уми март сурат мегирад ва дар назар аст, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намояд.