Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфитрат Хидирова, дар арафаи «Рӯзи модарон” аз Муассисаи ислоҳии занонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак боздид карда, занону духтарони дар муассисаи мазкур қарордоштаро бо фарорасии ҷашни модарон табрик намуд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар доданд,р аиси Кумита Махфират Хидирова бо шароити будубоши занону духтарон шинос шуда, ба фарзандони хурдсоли онҳо тӯҳфаҳо дод.

«Ба худи занҳо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ҳадя кард. Инчунин дар рафти чорабинии мазкур намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар Тоҷикистон, Лигаи занони ҳукукшинос ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат доштанд. Вохӯри бо занону духтарони маҳбус 6 март анҷом ёфт», - таъкид дошт сарчашма.

Дар Кумита қайд карданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии содиршавии ҷиноятҳои такрорӣ ва мусоидат барои бозгашт ба ҳаёти муътадили занони маҳбус мебошад.