Комиссия оид ба ҷоизаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ кард.

Озмун аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи телевизион ва радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон гузаронида шуд.

Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои телевизиону радио садододаву ба намоиш гузоштаро пешниҳод карданд.

Ҷоиза барои маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ ба намояндаи нашрияи «Чашмаи ҳаёт» Гул Шарифов ва  ба хабарнигори газетаи «Садои мардум» Ҳусейни Нарзулло барои як силсила мақолаҳо дар мавзӯи экология, ҷоиза барои маводи беҳтарин дар барномаи радио ва телевизион ба хабарнигорони Шабакаи аввали телевизион Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёева, корманди радиои Тоҷикистон Алихон Зарифӣ ва ҷоиза барои маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон ба Мирзоалӣ Ҷӯраев тақдим карда шуданд.

Маросими тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ғолибон имрӯз, санаи таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор шуд.