Собиқ конгрессмени ИМА, узви ҳизби ҷумҳурихоҳон Дэн Бартон бар ин назар аст, ки имконоти бузурги гидроэнергеткии Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад, ки натанҳо эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ, балки эҳтиёҷоти Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа низ қонеъ карда шавад.

«Танҳо як нерӯгоҳи обиву барқии «Роғун» қодир аст, ки қариб ду маротиба бештар аз нерӯгоҳи Гувери мо барқ истеҳсол намояд ва Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро бо нерӯи барқ таъмин созад», - гуфта мешавад дар мақолаи дар Washington Times интишоршудаи Бартон.

Собиқ конгрессмен зикр мекунад, ки чун соли 2014 хурӯҷи нерӯҳои низомии ИМА аз Афғонистон тарҳрезӣ шудааст, таъмини устувори нерӯи барқи Тоҷикистон ба рушди ин кишвар ва мутаносибан вазъи орому босуботи он мусоидат карда метавонад.

Ҳамчунин ба андешаи Бартон, нерӯгоҳи «Роғун» ба худи Тоҷикистон дар рафъи камбуди барқ дар мавсими зимистон, ки ҳарорат аз сифр поин рафта, тақрибан 70%-и қаламрави ҷумҳурӣ бебарқ мемонад, низ кумак карда метавонад.

«Бо дастгирии дурсти сиёсиву иқтисодӣ, гидроэнергетикаи Тоҷикистон давоми даҳсолаҳои минбаъда ба тамоми Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хизмат расонида, ин минтақаро бо нерӯи барқи устувор ва арзон таъмин мекунад», - афзудааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистн мудом мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» буда, ҳукуматдорони он ба ҳар васила мехоҳанд ба бунёди он монеъа эҷод кунанд. Ҳукуматдорони Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки сохтмони чунин иншоот дар минтақаи заминларза ба тамоми минтақа хатаровар аст. Ҳамчунин дар Ӯбекистон чунин мешуморанд, ки бунёди сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» ба тақсимоти адолатноки захираҳои обӣ миёни кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мегузорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки ҳамаи ин ташвишҳо беасосанд ва нерӯгоҳи дорои чунин сарбанд аллакай муддати беш аз 50 сол аст, ки дар Тоҷикистон амал мекунад.